Ҷамшед Маъруф - журналист

Прага / 22.05.11 / ҒУРМАГАСҲар субҳ мисли як раҳнаварди ошиқ ҷаҳони блогнависони тоҷикро мегардам. Гоҳе дурдонаеро пайдо мекунам. Ин бор онро дар шарҳе ёфтам, ки як хонандаи, зоҳиран, босалиқа дар ҳошияи матлаби торнигори «Мардикорнома» аз худ боқӣ гузоштааст. Лаҳни сухан маро таҳрик дод, то пайванди муаллифи шарҳро «ангушт» занам. Ба дунёи дигаре ворид шудам.

 

Он ки Ҷамшед Маъруф ба торнигори худ «ҒУРМАГАС» ном ниҳодааст, ҷолиб аст. Ин вожаро устоди зиндаёд Сотим Улуғзода дар забони имрӯзаи мо зинда кардаанд. Эшон «Овод»-и Войничро ҳамин гуна — «Ғурмагас» тарҷума карданд ва вожаи мурда зинда шуд.

 

Ин ҳам дар ҳоле, ки пеш аз Улуғзода «Овод»-ро бо калимаи «Занбӯр» баргардонида буданд.

 

Торнигори Ҷамшед Маъруф матолиби рангоранге дорад ва ҳам гӯшаҳои бешуморе, ки нигоҳ ба ҳар сӯи онҳо мепараду раҳгум мезанад. Костиҳои кӯчаке ҳам дар баён, аммо чунин паҳнои мавзӯъҳои мавриди алоқа касро ҳаяҷонӣ мекунад.

 

Беҳуда нест, ки Ҷамшед дар зери унвони торнигори худ ин ҷумларо ҷой додааст: «Ҷаҳони ҳар кас ба андозаи вусъати фикри ӯст». Аз нигоҳ ҷаҳони «Ғурмагас» як паҳнои беохир аст.

 

Фархундаву шодбош мегӯем ҷавони бедордили тоҷикро, ки даст ба ин иқдоми сангини таъсиси торнигори хусусияш задааст. Худо кунад, нақши Ғурмагасаи дунёи андеша ва интернети тоҷикиро бозад. Кайҳон пешкаш, Ғурмагас.

Салими АЮБЗОД

 

Аксҳо аз «ҒУРМАГАС»

Ғурмагас ба парвоз омада: Один комментарий

  1. Барои устоди гиромй, Салими Аюбзод муваффакият ва барои Чамшед Маъруф — рузноманигори чавон сарбаландиро хохонем.
    Бигзор ва хамеша, каламатон бурро ва асло нашиканаду хамеша тез бошад ва дарди чомеаро вокей инъикос намояд!
    Пируз бошед!

Оставьте комментарий