Торнигор мавриди коркард аст!

Вебблог мавриди коркард қарор дорад!

Маъмурият

Ояндаро ба кӣ мешавад бовар кард: Ба аробакашҳо, ё чаласаводон?

Муаллима маро аз миёни ҳамсинфон хезонда, суханони қабеҳ зад ва гуфт: «хондан хоҳӣ пулро супор, нахоҳӣ ҳуҷҷатҳоятро гирифта рав, ман ҳеҷ касро маҷбур намекунам». Мо камбизоатем, падарам дар Русия кор карда, ба мо пул мефиристонад. Аммо ин ҳам ба зиндагии мо кифоят намекунад… >>>

Ғурмагас ба парвоз омада

Ҳар субҳ мисли як раҳнаварди ошиқ ҷаҳони блогнависони тоҷикро мегардам. Гоҳе дурдонаеро пайдо мекунам. Ин бор онро дар шарҳе ёфтам, ки як хонандаи, зоҳиран, босалиқа дар ҳошияи матлаби торнигори «Мардикорнома» аз худ боқӣ гузоштааст. Лаҳни сухан маро таҳрик дод, то пайванди муаллифи шарҳро «ангушт» занам. Ба дунёи дигаре ворид шудам… >>>

Раъно Бобоҷонова: «Озодии ман он ҷое тамом мешавад, ки озодии дигарон оғоз меёбад…»

Солҳои охир баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, васеъ намудани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини иштироки занон дар раванди ислоҳоти маориф, ба таҳсилу шуғл фаро гирифтани духтарон, ҳифзи тандурустии модару кўдак, маънавиёти инсон дар муҳити оилавӣ, пешгирии зўроварӣ ва хушунат нисбати занон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон ва амсоли инҳо чорабиниҳои зиёд, мисоли конфронсҳо, семинару мизи мудаввар ва вохўриву мулоқот аз ҷониби мақомоти зидахл баргузор шуда истодаст. Вале дар баробари ин, чандест, ки хушунати хонаводагӣ, зўроварӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, поймол гаштани ҳуқуқи бонувон ва ба монанди инҳо зиёд ба чашм мерасад… >>>

SOS: Нигаронӣ аз фазои иттилоотии манотиқи наздисарҳадӣ

Фазои иттилоотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафаробод хеле нигаронкунанда аст. Расонаҳои хабарӣ бонги изтироб мезананд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузаштан дорад. Ҳоло мавҷҳои шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон дар ҷанги самовию иттилоотӣ аз мавҷҳои шабакаҳои миллӣ пурзӯранд, ки ин ба миллат хатари ҷиддӣ дорад… >>>

Имрӯз ба кӣ (чӣ) хандидан мехоҳед?

Агар ба чизе ё касе хандидан мехоҳед, пас раъйи ё шарҳи худро гузоред!>>>

Хабарнигори ОИУ «TojNews»-ро аз нишасти матбуотӣ берун карданд

Хабарнигори Оҷонсии иттилоотии умумимиллии «TojNews» дар вилояти Суғд Ҷамшед Маъруф, ки мебоист дар нишасти матбуотии тақвимии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок мекард, бо баҳонаи дар тан надоштани шиму костюм ва галстук аз маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд берун карда шуд… >>>

Хуш омадед, ба торнигори «ҒУРМАГАС» – «غورمگس»!

Торнигори «ҒУРМАГАС» – «غورمگس»!

Салом хонандаи гиромӣ! Хуш омадӣ, ба торнигори «ҒУРМАГАС» – «غورمگس»!

 

Агар пайваста аз матолиби тозаву рўйдодҳои ҳамарўзаи чӣ дохилӣ ва чӣ бурунмарзӣ хоҳиши огаҳӣ пайдо намуданро дошта бошӣ, пас ин саҳфаи торнигор маҳз барои ТУ(!) – хонандаи арҷманд омодаву боз шудааст…. Бохабар бош!!!

«ҒУРМАГАС» – «غورمگس»